ҶАВОНОН - ҚИШРИ ФАЪОЛИ ҶОМЕА

Айни замон оромӣ ва амнияти ҳар як кишвар аз масъалаҳои ҳассос ва асосӣ ба шумор шумор рафта, таъмини оромӣ ва ваҳдати милли вазифаи ҳар яки мо мебошад. Вале мутаассифона, чи гунае, ки ба ҳама маълум аст, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо истифодаи таблиғоти бардурӯғ, кӯшиш мекунанд ҷавонону наврасонро ба роҳи нодуруст баранд.

Ҷавонону наврасон қувваи фаъоли ҷомеа буда, қувваи созандаро соҳиб мебошанд, аммо ба сабаби надоштани таҷрибаи зиндагӣ ва дониши комил ба тарғиботи чунин гурӯҳҳо таъсирпазир мебошанд. Ин холигии таҷриба ва дониши мукаммалро гурӯҳҳои ифротӣ истифода мебаранд ва ба насли навраси ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асл – марг, бадбахтӣ ва ояндаи торикӣ меоранд.

Терроризм сабаби нооромӣ ва вайроншавии оромии ҷомеа гашта, ҳар ҷомеае, ки ба ин зуҳурот дода мешавад, зери хатари бузург мемонад. Экстремизм ҷавононро аз оила, дӯстону зиндагии осоишта ҷудо мекунад. Шахси ифротӣ ояндаи худро аз даст медиҳад ва қурбонии бегонагон ва ақидаи бегона мешавад. Бар зидди ин ҳама танҳо дониш, маърифат ва таблиғи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳамзамон, ҳидоят ба инсондӯстӣ ёрӣ мерасонад. Мавриди зикр аст, ки ҳар гуна “ҷиҳод” ва “ояндаи дурахшон”-и ифротгароён бардурӯғ ва хилофи анъанаи инсондӯстӣ мебошад.

Пешгирии терроризм ва экстремизм аз муҳити оила оғоз шуда, дар он нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ калон мебошад.  Волидайн бояд ба фарзандон дӯстӣ, ахлоқи нек, ватандӯстӣ, инсондӯстиро омӯзонида, зоҳирпарастию хуруфотпарастиро решакан намоянд. Мактаб бошад, бояд бо роҳандозии дарсҳо ва маҳфилҳои маърифатӣ ҷавононро аз хатари гурӯҳҳои ифротӣ огоҳ кунад.

Бояд гуфт, ки терроризм ва экстремизм роҳи торик ва пурфоҷиа аст. Яке аз омилҳои пешрафти ҷомеа бошад, ваҳдати миллӣ ва оромӣ мебошад, зеро ки бе ин омилҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ то ба дараҷае “фалаҷ” мегардад. Аз ин лиҳоз, танҳо бо ваҳдати миллӣ, дониш ва меҳнати созанда метавонем ҷавононро аз ин хатари бузург муҳофизат кунем. Ояндаи ҷавонон дар сулҳу субот ва ободии кишвар аст, на дар фирефта шудан ба душманони миллат ва тамаддуни башарӣ аст.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.