ТАРАФДОРИ СУЛҲ ҲАСТЕМ!

Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳон рӯз то рӯз ғайри қобили пешгӯӣ гардида, гурӯҳҳои ифротгаро ва мафиатхоҳ, ки барои манфиати қудратҳои бегонаи ҷудоихоҳ амал мекунанд, роҳҳои гуногунро ҷиҳати ҷалби ҷовонони ноогоҳ ва камтаҷриба ба сафи худ истифода бурда, ҷавононро ба гирдоби ифротгароӣ мекашанд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки аз ҳарвақта бештар баҳри нигоҳдошт ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии кишвар, ҳамзамон, ҷомеаи ҷаҳонӣ сарҷамъ шуда, ба хоинону манфиатҷӯён нагузорем, ки ба ин сулҳу ваҳдат ва сарҷамъии мо халал ворид намуда, ҷавононро раҳгумзада ва фирефта созанд.

Дар чунин вазъияти ҳассос, ки мушкилоти амниятӣ ва таҳдидҳои ифротгароёна рӯз ба рӯз афзун мегарданд, нақши ҷавонону наврасон дар таъмин ва нигоҳдории суботи ҷомеа бузург мебошад, зеро ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеаанд ва тарбияи дурусти онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва арзишҳои инсонӣ ва инсондӯстӣ метавонад пешгирии терроризм ва ифротгароиро таъмин намуда, арзиши сулҳ ва ваҳдати миллиро дарк намоянд.

Бояд дар назар дошт, ки терроризм ва ифротгароӣ бештар ҷавононеро таҳти таъсир қарор медиҳанд, ки дониш ва огоҳии кофӣ надоранд, аз ҷомеа канораҷӯянд ё бо мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯянд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло бояд зикр намуд, ки яке аз роҳҳои самараноки мубориза бо ин падидаҳои номатлуб тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Ватандӯстӣ маънои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, эҳсоси масъулият дар назди Ватан ва ҳифзи манфиатҳои он мебошад. Инчунин, зиракии сиёсӣ ва шахсӣ кӯмак мекунад, ки ҷавонон воқеиятро аз таблиғоти бардурӯғ фарқ кунанд ва ба доми фиреби душманон наафтанд. Сокинони мамлакат бояд ҳама тарафдори сулҳу ваҳдату ҳамдили бошанд ва ифротгароён бояд дарк намоянд, ки мо ТАРАФДОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ҲАСТЕМ!

Қайд намудан зарур аст, ки пешгирии терроризм ва ифротгароӣ кори як ниҳод ё шахс нест, балки масъулияти умумии ҷомеа аст. Танҳо дар ҳолате ки ҷавонон бо дониш, ахлоқ, ватандӯстӣ ва зиракии сиёсӣ мусаллаҳ бошанд, метавон ба сӯйи ҷомеаи бехатар ва устувор қадамҳои устувор гузошт.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.