СУХАНИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН МУҲТАРАМ САБУРЗОДА МИРЗОДАВЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии худ дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд.

Ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Парчами давлатӣ, ки нишонаи озодиву Истиқлол, давлатдорӣ, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи ояндаи дурахшон ва зиндагии пурсаодат мебошад, тамоми сокинони сарбаланди ноҳияи Қубодиёнро самимона табрику муборакбод менамоем.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Парчами давлатӣ иброз дошатанд: “Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани    парчами   миллӣ   эҳтиром   ба   миллат,

давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст”.

Парчами давлатӣ дар шакли имрӯза ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид.

Ин руйдоди таърихӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи Парчами давлатиро дар замири ҳар як фарди кишвар арзишмандтару азизтар намуда, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии моро дучанд гардонидааст.

Парчам ва оини парчамдории миллати тоҷик дорои таърихи ҳазорсола буда, тӯли асрҳо ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро муттаҳид ва ба муборизаҳои озодихоҳона ҳидоят намуда, ҷиҳати расидан ба озодиву истиқлол нерӯву тавони тоза бахшидааст.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсози мо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сиёсии байналмилалӣ афрохта шуда, ифодагари соҳибихтиёрии давлат ва ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, нишонаи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамватанони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Парчам мавқеъ ва нақши хосаи худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтаанд. Аз ин рӯ Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ роҳнамоӣ менамояд.

Барои сокинони ноҳияи Қубодиён мояи ифтихор ва боиси сарфарозию хушбахтӣ аст, ки санаи соли 2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати тантанавӣ ва шодиву нишоти тамоми сокинони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ин рӯйдоди барои мардуми шарафманди ноҳияи бостонии Қубодиён фаромӯшнашаванда бешак ба бедор намудани ғуруру ифтихори миллӣ ва ҳисси худшиносиву ходоҳии онҳо мусоидат менамояд. Аз ин ҷост, ки сокинони ноҳияи Қубодиён бо нишони эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ба ин муносибат чорабиниҳо доир намуда, парчамро дар кӯчаҳои марказии ноҳия ва пештоқи  ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, кӯчаву роҳравҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хонаҳои истиқомативу биноҳои маъмурӣ насб намудаанд.

Дӯст доштан ва эътироф намудани Парчами давлатӣ дар он сурат комил мегардад, ки агар бидуни  расмиёт  ё  чорабиниҳои давлативу миллӣ

ҳар як шаҳрванд ҳамеша манзалат ва эҳтироми парчами давлати хешро қадр карда тавонад.

Ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеиаш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.