
Терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи падидаҳои хатарноки замони муосир ба ҳисоб мераванд, ки на танҳо ба амнияти давлатҳо, балки ба суботи ҷомеа ва арзишҳои инсоният таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ин зуҳурот бо истифода аз зӯроварӣ, тарс ва таҳдид кӯшиш мекунанд, ки ақидаҳои ифротиро ба мардум таҳмил намоянд.
Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ, терроризм ва экстремизм ҷомеаро пора-пора мекунанд. Онҳо байни гурӯҳҳои гуногуни мардум нобоварӣ ва душманӣ ба вуҷуд меоранд. Гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ бо истифода аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ, бештар ҷавонони ноогоҳро ба доми худ мекашанд. Норасоии маърифати динӣ, мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, сатҳи пасти огоҳӣ, таҳсили нокофӣ дар бораи дин ва таъсири таблиғоти ғаразнок омилҳое мебошанд, ки ҷавононро ба ин равандҳои пурхатар майлнок мегардонанд.
Аз нигоҳи ахлоқӣ ва инсонӣ, ҳар гуна шакли зӯроварӣ қобили қабул нест. Терроризм ҳаёти бегуноҳонро қурбон мекунад ва арзиши асосии инсон – ҳаётро поймол месозад. Ягон идея ё ҳадаф наметавонад куштор ва тарсонидани мардумро сафед кунад. Ин амалиёт бар зидди принсипҳои инсондӯстӣ, адолат ва ҳамзистии осоишта мебошад.
Барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва динӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти солим, дастгирии иҷтимоии онҳо, танзими дурусти муҳити иттилоотӣ, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа аҳамияти хоса дорад. Ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва бештар аз ҳама оила метавонад нақши ҳалкунанда бозад.
Дар ниҳоят, таъмини амният ва суботи давлат аз масъулияти умумии ҳар шаҳрванди кишвар аст. Ҳар яке аз мо бояд бо огоҳӣ, масъулият ва ҳисси ватандӯстӣ ба ҷилавгирӣ аз таблиғоти ифротӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият саҳмгузор бошем. Пешгирии терроризм ва экстремизм танҳо бо талоши муштараки ҷомеа, махсусан ҷавонони огоҳу соҳибмаърифат имконпазир аст. Аҳли ҷомеа набояд фирефтаи ақидаҳои экстремистӣ гардад.
Бояд тарафдори ваҳдати миллӣ ва истиқлоли кишвар ва оромии ин Ватан бошем.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён


































