Рӯзи 8 сентябр дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар чорабинии идона ва маҷлиси тантанавӣ бо шукӯҳу шаҳомати ҷашнӣ баргузор гардид.
Санаи 29 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Чорбоғ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ниёзов бозии финалии мусобиқаи футболи хурд байни ҷавонони деҳаҳои ноҳия баргузор гардид, ки дар ин бозии финалӣ дастаҳои “Пахтакор-2”-и Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ниёзов ва дастаи “Диёр”-и Ҷамоати шаҳраки Қубодиён барои дарёфти “Ҷоми Истиқлол” қувваозмоӣ намуданд.
Рӯзи якуми сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия соли нави таҳсил оғоз гардид. Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи омодагии муассисаҳо ба соли нави хониш ва ҳамозамон табрику таҳният гуфтан ба омӯзгорон ва хонандагон раиси ноҳия Зафар Файзуллозода аз муассисаи таълимии №1-и ноҳия дидан намуд.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон бо сокинони ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ вобаста ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам вохӯрӣ доир намуд.
Дар бинои қасри фарҳанги ноҳия машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид.
Тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва даст задан ба ҷиноят. Бо ин мақсад гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар дар толори қасри фарҳанги ноҳия бо фаъолон ва сокинон вохӯрӣ доир намуд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.