
Бахшида ба оғози соли нави хониш дар маркази ноҳия ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор карда шуд.
Дар ярмарка коргоҳҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас ва сифати баланд пешкаши сокинон намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳия 4 адад коргоҳи дӯзандагӣ барои таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо либоси ягонаи мактабӣ фаъолият дошта, саҳми худро дар рушди истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ мегузоранд.
Иқтидори истеҳсоли коргоҳҳои дӯзандагии ноҳия барои таъмини муссисаҳои таълимӣ бо либосҳои мактабӣ басанда буда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди фаъолияти соҳибкории онҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.