КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Лоиҳаи

                                                ФАРМОНИ

                     ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи қисми 2 моддаи 71 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва қисми 1 моддаи 42 Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон      «Дар   бораи  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ»  ф а р м о н           м е д и ҳ а м:

1. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Роҳбарони мақомоти  марказӣ ва  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

-ҷиҳати татбиқи Кодекс тадбирҳои зарурӣ андешанд;

-матни Кодексро дар  ҷойҳои барои ҷомеа дастраси биноҳои  маъмурии мақомоти марказӣ ва  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  ҷойгир  намоянд;

           -дар асоси Кодекси мазкур кодексҳои соҳавиро таҳия ва тасдиқ намоянд.

3. Назорати иҷрои Фармони мазкур ва  ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳо оид ба одоби мақомоти давлатӣ  ба зиммаи  Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

          4.Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2010 №932 «Дар бораи  Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад. 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            

ш.Душанбе

«         »  ______  20____

№____

 

                     Лоиҳа

 Бо Фармони Президенти

           Ҷумҳурии Тоҷикистон 

                                                                             аз «    »  ______  20____

      №______тасдиқ  шудааст

КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

          Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс) маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии  фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ  мебошанд, танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

      1. Амали Кодекс нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии низоми хизмати давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ишғол менамоянд, паҳн мегардад.

                 БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ  ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӣ

2. Кодекс ба принсипҳои зерини одоби хизматчии давлатӣ, ки аз принсипҳои хизмати давлатӣ бармеоянд, асос меёбад:

         -қонуният, яъне риояи дуруст ва иҷрои пурраи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

         -афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне таъмини ҳифз ва мусоидат ба татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ мебошанд;

         -устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ, яъне таъмини доимии иқтидори кадрӣ аз ҳисоби мутахассисони дорои сатҳи баланди тайёрии касбӣ,  қобилияти ташкилотчигӣ, малакаи кор бо технологияи иттилоотӣ ва забондон, бо ин мақсад фароҳам овардани  шароит ва фазои мусоид барои анҷом додани фаъолият, ҳамдигарфаҳмии кормандон, дастгирии моддию маънавии кормандон  аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ;

-садоқат ба Ватан ва  ба халқи Тоҷикистон, яъне ҳисси баланди муҳаббат  ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вазифаи муқаддас донистани ҳифзи Ватан, хизмати содиқона  ба Ватан ва ҷомеаи Тоҷикистон;

-инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, яъне одилона, бовиҷдонона амал намудан, таъмини риояи адолати иҷтимоӣ зимни қабули қарорҳо;

-шаффофият дар хизмати давлатӣ, яъне фаъолияти ошкорои хизматчии давлатӣ ва пешниҳоди  маълумот  дар бораи он ба ҷомеа, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма,   ба  ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;

          -таҳаммулпазирӣ, яъне эҳтиром ва дуруст дарк намудани фарҳангҳои мухталиф, рафтор, одат,  ақида,  динҳо, дар  муносибат бо ҳамкорон, муроҷиаткунандагон, тобеон  ва дигарон таҳаммул зоҳир намудан;

-поквиҷдонӣ ва беғаразӣ, яъне татбиқи идоракунии самаранок, роҳ надодан ба бархурди  манфиатҳо, амалҳои коррупсионӣ, аз рӯи таъинот ва ба нафъи умум истифода кардани воситаҳои пулию моддӣ, беғараз будан дар қабули қарорҳо;

         -қатъият, яъне муносибати сахтгирона доштани хизматчии давлатӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, уҳдадориҳои мансабӣ, масъулият зоҳир кардан дар татбиқи функсия ва вазифаҳои мақоми давлатӣ;

          -касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ, яъне доштани донишҳои мушаххаси  касбӣ, тахассус, маҳорат, малака,  сифатҳои  ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияти идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ ва  таҷриба, ки   асоси иҷрои   муваффақонаи вазифаҳои хизматӣ ва уҳдадориҳои мансабӣ мегарданд;           

          -ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ, яъне бо тартиби  муқарраргардида  оид ба натиҷаҳои фаъолият ҳисобот додан ба роҳбари бевосита;

     -баландравии мансабии  хизматчии давлатӣ  дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ, яъне таъин ё интихоб гардидан ба мансаби дигар ё  мансаби  баланд бе  пуштибонӣ, хешутаборчигӣ ва маҳалгароӣ,

-баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ, яъне арзёбии шаффоф ва холисона ба натиҷаи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ.

         3.  Кодекс ба принсипҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрҳои муқарраргардидаи  рафтор  низ асос меёбад.

          БОБИ 3. ҚОИДАҲОИ  РАФТОРИ ХИЗМАТӣ ВА ҒАЙРИХИЗМАТИИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӣ

4. Хизматчии давлатӣ бояд  адолатнок амал намояд. Ҳангоми қабули қарор ва амалӣ  намудани ваколатҳои худ хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки дар асоси мансубияти сиёсӣ, динӣ, ҷинсӣ, забонӣ, нажодӣ ва дигар сабабҳо ба шахсе хилофи қонунгузорӣ бартарият ва имтиёз диҳад.

5. Хизматчии давлатӣ бояд ба урфу одатҳои миллатҳо таҳаммулпазирӣ ва арҷгузорӣ намуда, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро  ба инобат гирифта, ба созиши  байни миллатҳо мусоидат намояд.

6. Хизматчии давлатӣ бояд фаъолияти касбии худро поквиҷдонона ва беғаразона амалӣ карда, ба шаъну шараф ва обрӯю эътибори хизматчии  давлатӣ иснод наоварад.

7. Хизматчии давлатӣ бояд танҳо воситаҳои қонунии пешравӣ дар хизматро истифода барад.

8. Хизматчии давлатӣ, ки вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатӣ ё вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро  анҷом медиҳад, набояд  ба амалҳои  коррупсионӣ роҳ диҳад ва уҳдадор аст ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти давлатӣ ба зуҳуроти маҳалчигӣ, хешутаборӣ, маҳбуб донистан ва таъиноти кадрҳо аз рӯи аломати садоқатмандии шахсӣ роҳ надиҳад.

     9. Хизматчии давлатӣ, ки мансаби роҳбарикунандаро ишғол менамояд, бояд дар миёни тобеони худ ҷиҳати риояи одоб ва ташкили шароити мувофиқ барои кор мусоидат намояд.

     10. Хизматчии давлатӣ набояд барои гирифтани иттилооти хизматӣ, ки ба ваколати ӯ дохил намешавад, кӯшиш кунад ва набояд иттилооти  нопурра ва дурӯғро паҳн намояд.

     11. Хизматчии давлатӣ бояд ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма оид ба иттилоотонии ҷомеа дар бораи кори мақоми давлатӣ барои гирифтани иттилооти дуруст, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст,  кӯмак расонад.

12. Хизматчии давлатӣ набояд пешниҳоди  шаҳрвандон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои касбӣ ва ҷамъиятиро, ки ба талаботи Конститутсия  (Сарқонун) ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, иҷро намояд.

13. Хизматчии давлатӣ бояд ҷиҳати роҳ надодан ба бархурди манфиатҳо,  танзими ҳолатҳои пайдо шудани бархурди манфиатҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чора  андешад ва ҳаракатҳоеро, ки ба таъсири манфиатҳои шахсӣ, молумулкӣ (молиявӣ), тиҷоратӣ ва дигар манфиатҳо алоқаманд мебошанд ва барои бовиҷдонона иҷро кардани уҳдадориҳои мансабӣ монеа мешаванд, истисно намояд.

14. Хизматчии давлатӣ бояд ба амалҳои  коррупсионӣ  муқовимат намояд ва ҷиҳати рафъи онҳо тадбирҳо андешад, ба гирифтани ҳар гуна тӯҳфаҳо барои иҷрои вазифаҳои (уҳдадориҳои) мансабии худ дар шакли моддӣ (пул, тӯҳфа) ва дар шакли ғайримоддӣ (хизматрасонӣ) ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ роҳ надиҳад.

15. Хизматчии давлатӣ бояд  ба роҳбари худ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи  муроҷиати ин ё он шахс бо мақсади моил кардани ӯ барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ маълумот диҳад,  аз иштирок дар амале, ки беғаразии ӯ зери шубҳа қарор мегирад, ё  аз ҷой доштани ҳолатҳое, ки аз бевосита ё бавосита аз манфиатдор будани ӯ дар амали ғайриқонунӣ гувоҳӣ медиҳад, даст кашад.

      16. Хизматчии давлатӣ набояд  вазифаи хизматӣ ва уҳдадориҳои мансабии худро барои таъсир расонидан ба фаъолияти мақоми давлатӣ,  корхона, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли масъалаҳое, ки берун аз доираи салоҳияти мақоми давлатӣ мебошанд, ҳамчунин набояд  аз вазъи хизматии худ суйистифода карда, дар аҳдҳо ва вазъияти ихтилофнок, ки ба амали хизматии ӯ мутобиқат намекунанд, иштирок намояд.

      17. Хизматчии давлатӣ бояд манбаъҳо ва воситаҳои давлатии (технологияи иттилоотии шабакаи интернет, шабакаи дохилӣ, почтаи электронӣ, телефон, ксерокс, факсҳо, дигар таҷҳизот, воситаҳои нақлиёти хизматӣ,  арзишҳои моддию ғайримоддӣ) ба ӯ пешниҳодшударо самаранок ва бовиҷдонона истифода намояд.

            18. Хизматчии давлатӣ уҳдадор аст  интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд.

             19. Хизматчии давлатӣ бояд аз баҳодиҳӣ нисбат ба мақоми давлатӣ, ки дар он  адои хизмат мекунад, агар ин амалҳо ба доираи вазифаҳои хизматӣ, уҳдадориҳои мансабӣ дохил нашаванд, худдорӣ намояд.

            20.Хизматчии давлатӣ бояд дар муносибатҳои хизматӣ ва ғайрихизматӣ хоксору хушмуомила бошад ва ба  дағалӣ  роҳ надиҳад.

  21. Намуди зоҳирии хизматчии давлатӣ вобаста аз шароити хизмат ва шакли чорабиниҳои хизматӣ  бояд ба муносибати эҳтиромона ба шаҳрванд, мақоми давлатӣ мусоидат намуда, ба расмиёти одоби корӣ мутобиқ бошад.

*Эзоҳи 1: Рафтори хизматӣ- рафтору амали хизматчии давлатӣ, ки ҳангоми ба кор омадан, аз кор рафтан, иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳои ҳукуматӣ   зоҳир мегардад.

**Эзоҳи 2: Рафтори ғайрихизматӣ- рафтору амали хизматчии давлатӣ, ки  ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ алоқаманд набуда, берун аз ҷои кор дар ҷомеа зоҳир мегардад.

БОБИ 4. НАЗОРАТИ  РИОЯИ КОДЕКСИ ОДОБ, ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ ОИД БА ОДОБ

     22. Назорати риояи Кодекс дар мақоми давлатӣ  аз тарафи комиссия оид ба одоб  (минбаъд-комиссия)  амалӣ карда мешавад.

          23. Комиссия бо фармоиши (қарори) роҳбари мақоми давлатӣ дар ҳайати раис, котиб, аъзои комиссия иборат аз 3-7 нафар аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ,  аъзои кумитаи иттифоқи касаба, кормандони ташкилотҳои      системаи    мақоми давлатӣ, ки хизматчии давлатӣ нестанд, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор, вакилони ҷамоатҳо, дигар шахсони мансабдор  таъсис дода мешавад ва дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Кодекс ва Низомномаи  комиссия, ки аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ  тасдиқ карда мешавад, фаъолият менамояд.

24.Номзадҳо ба ҳайати комиссия аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ва хадамоти кадрӣ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.

25.Роҳбари мақоми давлатӣ раиси комиссия буда наметавонад.

          26. Комиссия  аз рӯи зарурат ҷаласа доир менамояд. Ҷаласаи комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду қисми ҳайати он иштирок дошта бошанд.

27. Рафти ҷаласаи комиссия дар протокол  ба расмият дароварда мешавад. Комиссия метавонад сабти аудиоӣ ва видеоии рафти маҷлисро анҷом диҳад.

28. Қарори комиссия дар ғоиби хизматчии давлатӣ бо овоздиҳии аксарияти иштироккунандагони ҷаласа қабул карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо овози раиси комиссия ҳалкунанда ҳисоб меёбад.

29. Қарор дар шакли протокол бо имзои раис ва котиби комиссия ба расмият дароварда шуда,  ба он  ҳуҷҷатҳои дахлдор замима карда мешаванд.

30. Аз  натиҷаи баррасии парвандаи интизомӣ комиссия яке аз қарорҳои зайлро қабул мекунад:

-ба роҳбари мақоми давлатӣ дар хусуси ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани хизматчиёни давлатӣ тавсия медиҳад;

-маводи парвандаи интизомиро барои баррасӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё   шахси мансабдор барои моҳиятан қабул намудани қарор мефиристад;

- санҷиши маводро оид ба истеҳсолоти интизомӣ қатъ менамояд.

 31. Қарори комиссия барои татбиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод карда мешавад ва барои татбиқи муҷозоти интизомӣ асос мегардад.

32. Роҳбари мақоми давлатӣ дар мавриди ошкор намудани ҳолатҳои  вайрон кардани  талаботи Кодекс   ҷиҳати гузаронидани санҷиши такрорӣ ба комиссия пешниҳод манзур менамояд.

33. Дар вақти татбиқи қарори комиссия бояд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шавад.

          34.Котиби комиссия хизматчии давлатиро бо натиҷаи санҷиши хизматӣ, қарори комиссия  ва қарори роҳбари мақоми давлатӣ дар давоми  5 рӯзи корӣ шинос  менамояд.  Аз қарори комиссия  ё қарори роҳбари мақоми давлатӣ дар муҳлати  як  моҳ  аз рӯзи шинос шудан бо қарор ба комиссия, роҳбари мақоми давлатӣ, мақомоти  болоӣ,  мақоми ваколатдори соҳаи  хизмати давлатӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.

35. Шикоятро мақоми дахлдор аз болои қарори комиссия ва ё роҳбари  мақоми давлатӣ  баррасӣ намуда:

- дар сурати ошкор шудани ҳолати риоя нагардидани тартиби муқарраргардидаи санҷиши хизматӣ ба комиссия ва роҳбари мақоми давлатӣ дар бораи бекор кардани қарори қабулшуда пешниҳод манзур менамояд;

- дар сурати тасдиқ нагардидани далелҳои шикоят ба хизматчии давлатӣ хаттӣ хабар медиҳад.

36. Ба вазифаҳои  комиссия  дохил мешаванд:

- омӯзиш ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаи одоб ва бархӯрди манфиатҳоро танзим менамоянд;

- амалӣ намудани назорати иҷрои муқаррароти Кодекс дар мақоми давлатӣ;

-машварат додан ба хизматчиёни давлатӣ барои масъалаҳои марбут ба одоб;

-дар мақоми дахлдори давлатӣ  оид ба одоб гузаронидани чорабиниҳои таҳсилотӣ ва иттилоотӣ;

-барои муайян кардани ҳолатҳои вайрон шудани Кодекс ва бархурди манфиатҳо гузаронидани санҷиши хизматӣ;

-таҳияи тавсияҳо барои муҳокима дар маҷлиси коллективи кормандони мақоми давлатӣ,  дарҷ намудан дар варақаи аттестатсионии хизматчии давлатӣ оид ба  ҳолатҳои риоя нагардидани Кодекс ва  ба эътибор гирифтан ҳангоми таъинот ба дигар мансаби хизмати давлатӣ ё барои татбиқи муҷозоти интизомӣ;

-пешниҳоди тавсия барои баррасии роҳбари мақоми давлатӣ дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб намудани  хизматчиёни давлатие, ки  талаботи Кодекс вайрон кардаанд;

- тавассути воситаҳои ахбори омма  ташвиқу тарғиб намудани одоб.

37. Салоҳияти комиссия  иборат мебошад аз:

- банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимии одоб;

-таъминоти мақоми давлатӣ  бо воситаҳои аёнӣ оид ба масъалаҳои идораи одоб;

         - оид ба вайрон намудани одоб ва бархурди манфиатҳо аз ҷониби хизматчии давлатӣ аз шаҳрвандон ва дигар хизматчиёни давлатӣ гирифтани иттилоот ва ба роҳбари мақоми давлатӣ хабар додан;

-баррасии мавод оид ба ҳолатҳои вайрон намудани Кодекс ва бархурди манфиатҳо аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ; 

-баррасии шикоятҳои хизматчиёни давлатӣ нисбат ба қарорҳои комиссияи  мақоми давлатӣ;

-баррасии пешниҳоди мақоми мубориза бо коррупсия ва дигар мақоми ҳифзи ҳуқуқ;

-гузаронидани санҷиши хизматии ҳолатҳои вайрон намудани Кодекс;

-шарҳ додани ҳолатҳои бархурди манфиатҳо ҳангоми  пайдо шудани  ихтилофҳо;

          -барои иҷрои вазифаҳои худ талаб намудани ҳуҷҷатҳо, мавод ва иттилоот аз мақоми давлатӣ, инчунин аз дигар ташкилоти дахлдор;

         -гирифтани баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ аз хизматчиёни давлатӣ;

         -пешниҳоди таклиф ба роҳбарони мақоми давлатӣ  ва ташкилот дар хусуси гузаронидани санҷиш ва тафтишоти хизматӣ оид ба далелҳои вайрон гардидани меъёрҳои Кодекс;

         -ҷалб намудани ташхисгарон, мутахассисон ва кормандони дахлдори  мақоми давлатӣ барои додани хулоса;

- бекор  намудани (тағйир додани) қарорҳои худ.

        38. Раиси комиссия:

         -фаъолияти комиссияро ташкил менамояд ва онро роҳбарӣ мекунад;

         - рӯзномаи ҷаласаи комиссияро муайян мекунад;

         - ҷаласаи комиссияро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;

         - аз ҳисоби аъзои комиссия оид ба масъалаи дар маҷлиси комиссия баррасишаванда маърӯзачиро муайян менамояд;

         -дар хусуси ҳайати комиссия ё иваз намудани аъзои он таклиф пешниҳод менамояд.

         39. Котиби   комиссия:

         -таъминоти таҳлилию иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқии фаъолияти комиссияро анҷом медиҳад;

         - маводро барои баррасии парвандаҳои интизомӣ омода менамояд;

         -маълумотро дар бораи ҳолатҳои вайрон гардидани меъёрҳои Кодекс мураттаб ва  таҳлил   менамояд;

         -таҳияи тавсия оид ба такмили  Кодексро анҷом медиҳад;

         -дар таълими  шаҳрвандон ҷиҳати  риояи Кодекс иштирок менамояд;

         -ҷиҳати хабардор намудани шахсоне, ки ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд, дар бораи ҷой ва вақти гузаронидани  маҷлиси комиссия тадбирҳо меандешад;

         -аз шахсони мансабдор ва дигар субъектҳо мавод ва иттилооти дахлдорро, ки барои санҷиш заруранд, талаб менамояд;

         -кормандони мақоми давлатиеро, ки  баррасии масъалаи санҷишшаванда ба ваколати онҳо мансуб аст, ҷалб менамояд;

            -ба баррасии комиссия таклифро ҷиҳати такмил додани  Кодекс манзур менамояд.

 40. Ҳайати комиссия дар ҷаласа бе ҳуқуқи ивазшавӣ иштирок мекунад.

41. Ҳайати  комиссия  дар асоси  пешниҳоди раиси комиссия, овоздиҳии аксарияти аъзои комиссия бо қарори роҳбари мақоми давлатӣ иваз карда мешавад.

42. Комиссия  аз рӯи асосҳои зерин парвандаи интизомиро оғоз менамояд:

- бо пешниҳоди роҳбари  мақоми давлатӣ;

- бо аризаи хизматчии давлатӣ;

- аз рӯи муроҷиати хаттии шаҳрвандон.

43. Парвандаи интизомии оғознамудаи раиси комиссия  бояд дар муҳлати се ҳафта аз рӯзи ба истеҳсолот қабул намудан баррасӣ карда шавад.

44. То баррасии парвандаи интизомӣ дар маҷлиси комиссия аз ҷониби комиссия мутобиқи тартиби  муқарраргардида санҷиш гузаронида,  ҳолатҳо ва маълумоти марбут ба парвандаро баррасӣ менамояд, аз шахсоне, ки ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд, баёнот мегирад.

45. Комиссия санҷиши ҳолатҳои вайрон намудани Кодексро тибқи тартибе, ки барои гузаронидани санҷиши хизматӣ муқаррар гардидааст, мегузаронад.

 46. Мавод нисбат ба аъзои комиссия, ба истиснои хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва категорияи олӣ, ки меъёри одобро вайрон мекунанд, аз ҷониби мушовараи мақоми давлатӣ, машварати назди раиси вилоят, шаҳр, ноҳия ё комиссия оид ба одоби мақоми болоӣ ё мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ  баррасӣ карда мешавад.

          47. Мавод оид ба вайрон кардани қоидаҳои одоб ва роҳ додан ба бархӯрди манфиатҳо нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва категорияи  олӣ,  аъзои комиссия, ки хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва категорияи олӣ мебошанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

БОБИ 5. ҶАВОБГАРӣ БАРОИ РИОЯ  НАКАРДАНИ КОДЕКС

     48. Дастури амал қарор додани қоидаҳои Кодекс уҳдадории хизматчии давлатӣ буда, риоя накардани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

49. Таҳлил ва баҳодиҳии риояи меъёрҳои одоби рафтори хизматӣ ҳангоми гузаронидани аттестатсия, баҳодиҳии фаъолият, иштирок дар озмун, таъин кардани хизматчии давлатӣ ба мансаб, ҳангоми мукофотонидан, тайёр кардани тавсифнома ё тавсиянома ҳатмӣ мебошад.  

50. Роҳбари мақоми давлатӣ дар асоси тавсияи комиссия бояд барои бартараф намудани рафтори беодобонаи тобеон чораҳои зеринро андешад:

-гузаронидани чораҳои иттилоотонӣ, ки ба паҳн намудани муқаррароти Кодекс равона карда шудааст;

     -бо тартиби муқарраркардаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» татбиқ намудани муҷозоти интизомӣ;

     -бо рафтори шахсии худ  намунаи поквиҷдонӣ, беғаразӣ ва адолатнокӣ будан;

     -андешидани дигар чораҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

          51.  Ҳангоми дар амалҳои хизматчии давлатӣ мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё интизомӣ  маводи дахлдор бо тартиби муқарраргардида  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати кашидан ба ҷавобгарии маъмурӣ ё интизомӣ  фиристода мешаванд.

          52. Ба ҷавогарии ҷиноятӣ ва  маъмурӣ  кашида шудани хизматчии давлатӣ боиси аз ҷавобгарии интизомӣ озод шудани ӯ намегардад.

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.