Сухани табрикотии раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 32-сола шуд.

Пеш аз ҳама, тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Қубодиёнро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллиамон самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди ин гӯшаи диёр иқболи нек, рӯзгори пурфайзу баракат, саодат ва комёбиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.

Сокинони шарафманди ноҳияи Қубодиён бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо дар ҳифзу истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузошта, дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон баҳри ободиву гулгулшукуфии ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд.

Ноҳияи Қубодиён, ки яке аз минтақаҳои осебдидаи давраҳои ноороми мамлакат ба ҳисоб мерафт, бо ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ва заҳмату талошу мардуми боору номуси ноҳия дар замони кӯтоҳи истиқлолият ба як гӯшаи зебоманзари диёр табдил ёфта, соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар ин давра тадриҷан рӯба рушду тараққӣ ниҳода, сатҳи некуаҳволии сокинон ба маротиб боло рафт.

Дар зарфи 32 соли Истиқлолият дар заминаи 10 адад хоҷагиҳои коллективию давлатӣ дар ноҳия 2 ҳзору 860 адад хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ таъсис дода шуда, самаранокии истифодаи замин аз тарафи хоҷагидорон боиси таъмин гардидани аҳолии ноҳия бо маҳсулоти озуқаворӣ гардида, зиёдатии маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар фиристода мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳия ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода шуда ба ҳолати 31 августи соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия ба миқдори 5 ҳазору 286 тонна меваю сабзавот содирот карданд ва мақсад гузошта шудааст, ки то 6 ҳазору 500 тонна расонида шавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия дар ду марҳила 1543 гектар замини ёрирасон ё президентӣ дода шуд, ки сокинони ноҳия барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ аз он самарнок истифода менамоянд.

Ҳамзамон дар ин давра барои таъмини сокинон бо замини наздиҳавлигӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2010, таҳти рақами №518 ба миқдори 386,98 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, аз тарафи комиссияи ҷамъиятии ноҳия оид ба тақсимоти замини  наздиҳавлигӣ то ин муддат 361,4 гектар ба 3 ҳазору 520 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд замини наздиҳавлигӣ тақсим карда дода шуд.

Дар ин давра роҳи маркази ноҳия дар масофаи 2,7 км ва дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз ҷониби аҳолӣ ва соҳибкорон зиёда аз 40 км роҳҳои байни деҳаҳо асфалтпӯш карда шуда, раванди бунёду таъмири роҳҳо бо маром ҷараён дорад.

Айни ҳол дар ноҳия 35 адад корхонаҳои саноатии хурду калон дар самти коркарди пахта, истеҳсоли регу шағал, оҳак, дорувории фармасевтӣ, маҳсулоти ширӣ, сангҳои ороишӣ ва ғайраҳо фаъолият намуда, шумораи андозсупорандагон дар ноҳия 35 ҳазору 626 нафар, аз онҳо шахсони ҳуқуқӣ 505 адад, соҳибкорони инфиродӣ 295 нафар, хоҷагиҳои деҳқонӣ 2 ҳазору 772 адад, соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 803 нафар, соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда 374 нафар ва супорандагони андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ 30 ҳазору 877 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод, аз беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ноҳия ва шароити арзандаи сокинон дарак медиҳад.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ гардонида истодааст.

Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маорифи ноҳия таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 барои 324 ҷои нишасти хонандагон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, бинои маъмурии шуъбаи маориф, бинои таълимӣ ва хобгоҳи мактаб-интернати ноҳия аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории бонки Саудии рушд ба анҷом расида, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Инчунин берун аз лоиҳаҳои барнома аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони муассисаи таълимии №44 ба анҷом расида, бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Зиёев Фарҳод ва бо ишитроки Сарвари давлат дар назди муассисаи таълимии №11 бинои иловагӣ иборат аз 11 синфхона барои 264 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 2,5 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар ин давра баҳри ривоҷи соҳаи маориф ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил бо дасгирии волидон ва шахсони саховатпеша сохтмони 60 синфхона, барои 1440 нафар хонанда дар як баст бо маром идома дорад.

Дар баробари ин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили 7 адад кабинети фаннӣ ва се адад озмоишгоҳи таълимӣ таҷҳизоти зарурӣ ҷудо карда шуда, дастраси муассисаҳои таълимии ноҳия карда шуда, нақшаи иҷроиши муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимии ноҳия бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо ба 71 фоиз баробар карда шуд, ки дар маҷмӯъ теъдоди кабинетҳои фаннӣ 19 адад ва озмоишгоҳҳо 6 ададро ташкил медиҳад.

Имрӯз баҳри таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар ноҳия 61 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2 ҳазору 115 нафар омӯзгорон ба 43 ҳазору 652 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд.

Ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар назди 55 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият дошта,  дар  онҳо  4 ҳазору 325 нафар, инчунин дар  5  адад боғчаҳои бачагонаи давлатӣ ва як адад боғчаи бачагонаи хусусӣ 519 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Дар соли хониши 2022-2023-юм 82 нафар хатмкунандагони синфҳои 9 бо аттестати сурх муассисаҳои таълимиро хатм намуданд, ки нисбат ба соли хониши гузашта 67 адад зиёд мебошад.

Дар ин давра дар даври минтақавии олимпиадаи хонандагон 976 нафар хонанда иштирок намуда, 220 нафар дар олимпиадаи мактабии даври вилоятӣ иштирок намуда аз ин шумора 21 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 8 нафар хонандагон дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи сеюм гардида, сазовори медал ва дипломи олимпиада шуданд.

Барои таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмон ва таъмиру барқарорсозии бунгоҳу марказҳои саломатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Дастоварди муҳими даврони истиқлол дар соҳаи тандурустии натанҳо ноҳияи Қубодиён балки тамоми сокинони кишвар ин бунёди муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар ноҳияи Қубодиён мебошад, ки он натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор мебошад.

Дар ноҳия муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”, беморхонаи марказӣ, 3 адад беморхонаи рақамӣ, 1 маркази саломатии марказӣ, 16 маркази саломатии деҳотӣ, 37 бунгоҳи саломатии деҳотӣ, 9 маркази соҳавӣ фаъолият дошта, ба сокинони ноҳия ва берун аз он хизмати тиббӣ мерасонанд.

Баҳри нигаҳдошти солимии аҳолӣ дар соҳаи тандурустӣ 162 нафар духтурон ва 493 нафар кормандони миёнаи тибб фаъолият намуда, аз ин шумора 8 нафар духтурони аълочии соҳаи тандурустӣ, 33 нафар духтурони категорияи олӣ, 17 нафар духтурони категорияи якум ва 41 нафар духтурони категорияи дуюмро дар бар мегирад.

Соҳибистиқлолии кишвар имконият дод, ки фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар ноҳия аз ҳар ҷиҳат такмил ёфта, бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 марти соли 2016 таҳти №208 шаҳраки Қубодиён таъсис дода шуда, маркази маъмурии ноҳия расман мақоми шаҳраки Қубодиёнро гирифт. Ҳамчунин дар ин давра ҷамоатҳои деҳоти Заркамар ва ба номи Носири Хусрав соҳиби бинои маъмурии бо тарҳи наву замонавӣ гардида, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.

Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо бо шарофати истиқлолият ва сулҳу ваҳдат дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона дар оянда барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рӯзгори ободро фароҳам меоварем.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.