
Имрӯз дар тамоми дунё технология тараққӣ ва рушд кардааст, маҳз мардуми курраи замин аз истифодаи технологияҳои муосир истифода бурда, огоҳӣ аз равиши зиндагии ин ё он мамолик доранд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахсоне ҳастанд, ки барои ба доми худ гирифтани ҷавонону наврасон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то аз ин нерӯи бузурги ҷомеа истифода бурда, ҳадафҳои нопоки худро дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дигар мамолики рӯи дунё пиёда кунанд.
Мо Тоҷикистониён дар лаҳзаҳои сангини Ватандорӣ бо Пешвои миллат будем ва имрӯз, ки Тоҷикистони азиз ин қадар пешрафт кардаасту ва карда истодааст, низ ҳастем.
Ба ном тоҷик шахсоне, ки берун аз Ватан барои нооромии Ватани азизамон тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ баҳри ба доми нопоки худ гирифтор кардани ҷавонон кӯшиш мекунанд, гуфтаниям: МО ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ аз ҳадафу ниятҳои нопоки шумо огоҳем ва ҳеҷ вақт дар ин фиреби шумо гирифтор нахоҳем шуд, зеро мо ҷавонон аз таърихи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ огоҳ ҳастем, ки ба мисли шумо барин ашхоси бадкирдору бадхоҳ қариб буд, ки давлат аз даст мерафт.
Шукронаи доди Худо, ки чунин як Сарвари ғамхору пок виҷдон барои сулҳу субот ва амнияти миллӣ ҷони худ ва умри худро дареғ надошт, то мо ҷавонон осудаву ором умр ба сар барем, ва мо мефахрем аз Пешвои сулҳовари худ.
Тоҷикистон рӯз то рӯз мешукуфад, тараққӣ мекунад ва тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ эҳтирому эътироф мекунанд, ин аст давлатдорӣ, пешрафт ва рушди Тоҷикистони азизи МО.
ҲАДАФИ шумо хоинон ин аз байн бурдани оромии кишвари озоди мо Тоҷикистониён мебошад, ки бо истифода аз ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ то ҳанӯз дар нооромии Ватани азизамон кӯшиш мекунед, аммо БОРИ ҚАҶ ТО БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД.
Аз пешрафти кишвари озоду зебои мо тоҷикон шумо рӯз то рӯз месӯзеду мӯйҳои худ аз сар меканед, аммо ҳаргиз Худованд барои бандагонаш бадиву харобагиро намехоҳад.
То ҳанӯз кинаву адоват дар дили шумо аланга мезанад, аммо бубинед Пешвои миллат инқадар хоинони афсӯс хурдаву пушаймонгаштаро авф кардан чун нияти поку беғараз буд ва ҷавонмардии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли дунё ҳамчу абармарди замон эътироф гардидааст.
Бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар Созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳое, ки дар фикру хаёли касе набуд барои пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул гашт.
Мо ҷавонон Пешвои худро барои шумо хоинон чунин муаррифӣ мекунем!
Ӯ МАРДИ ХУДОСТ.
Мудири бахши кор бо ҷавонон
ва варзиши ноҳияи Қубодиён
Имомназаров Шуҳрат