Дар замоне, ки инсоният бо суръати кайҳонӣ ба пешравиҳои технологӣ дар ҳамаи соҳаҳо дастёб гардида, дар фикри рушду тараққӣ ва беҳтар намудани шароити зисти худ мебошанд, чанде аз хоинони фирорӣ ва овораву саргардон бо усулҳои гуногун дар пайи фитнаандозӣ ва иғвогариву тафриқаандозӣ бозичаи дасти хоҷагони худ гашта, гӯё мехоҳанд бо ин роҳ ба ваҳдату оромӣ ва сулҳу суботи пойпарҷои Ватани азизи мо рахна зада онро халалдор созанд.
Аммо воқеият ин аст, ки чунин найрангбозиҳои хоиноне, чун Кабириву Иқболбӣ дар назари мардум ҷуз масхарабозӣ ва ёвагӯиву сафсатахонӣ беш нест ва мардуми сарбаланди кишвари азизи мо, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоим миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу амонӣ ва ваҳдату якдилӣ қадам ба сӯи рушду тараққӣ ва пешравию ободонӣ мегузоранд, ин сафсатаҳои хоинонро қабул надоранд.
Суханони беасосу ғаразона ва мақсадҳои нопоки як тӯда хоинон ҳаргиз наметавонанд ба иродаи қавии мардуми сарбаланди тоҷик, ки ба ободокориву созандагӣ ва гулгулшукуфии Ватани аҷдодиамон камари ҳиммат бастаанд, таъсири манфӣ расонанд.
Тоҷикистон дар сатҳи ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи устувор ва масири рушди худро барқарор намуда, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми боарзиши худро мегузорад ва барои ояндаи дурахшони шаҳрвандон барномаҳои рушди даҳсолаҳоро қабул намуда, барои зиндагии шоистаи сокинони мамлакат шароти фароҳам месозад.
Аз ин лиҳоз, хиёнату, иғвогарӣ ва масхарабозии гурӯҳаке ба ном мухолиф, вале дар асл хиёнаткору ватанфурӯш ва ғуломи хоҷагон ба роҳи интихобнамудаи кишвари мо, ки бо суръати баланд ба пешравию бунёдкорӣ ноил мегардем ва ҳадафу мақсади созандагии худро амалӣ месозем, ҳеч гоҳ наметавонанд халал расонанд.
Мудири бахши дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими МИҲД
ноҳияи Қубодиён
Муҳаммадшарифзода Зафар