Миллати ман бедор аст ва муқобили ифротгароӣ муттаҳид аст

Дар ҷаҳони пурташаннуҷи имрӯз, ки гурӯҳҳои ифротӣ мехоҳанд бо ҳар роҳ оромию суботи кишварҳоро халалдор созанд, бедориву ҳушёрии сиёсӣ ва иттиҳоди миллӣ муҳимтарин воситаи муҳофизати миллат маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир мавриди ҳадафи ҳамлаҳои иттилоотии шахсону гурӯҳҳое қарор гирифтааст, ки бо дастури хоҷагони хориҷӣ фаъолияти таблиғотии зиддидавлатӣ мебаранд. Онҳо, ки худро «мухолиф» мехонанд, дар асл василаи сиёсатҳои бегонаанд ва ҳадафи аслиашон халалдор сохтани ваҳдати миллӣ, барангехтани кинаву адоват миёни мардум ва беэътимодӣ ба сохтори давлатӣ мебошад.

Ифротгароён аз пайравони гурӯҳҳои мамнӯъшуда, кӯшиш доранд бо ҳар баҳона мардумро ба гумроҳӣ баранд. Онҳо таҳти ниқоби озодандешӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ғаразнок ба таври пайваста зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҳарф мезананд. Аммо ҷомеаи тоҷик, ки таҷрибаи талхи солҳои 90-умро аз сар гузаронидааст, дигар ҳар як сухани душманонро бо хиради расо ва зиракии сиёсӣ таҳлил мекунад.

Имрӯз ҳамаи шаҳрвандон бояд дар пешгирии ифротгароӣ вазифаи худро ба пуррагӣ иҷро намоянд. Ҳамзамон, дониш, маърифат, ватандорӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ бояд дар меҳвари тарбияи насли нав бошад. Мардуми тоҷик, ки имрӯз дар фазои орому осуда зиндагӣ дорад, хуб медонад, ки чунин зиндагӣ осон ба даст наомадааст. Ба хотири ин сулҳу субот ҳазорон нафар ҷони худро фидо кардаанд ва мо ҳақ надорем ба гуфтори дурӯғин ва ваъдаҳои фиребандаи душманон гӯш диҳем. Моро зарур аст, ки бо ақлу заковат ва ҳисси баланди ватандорӣ муқобили ҳар гуна хатару таҳдидҳои хориҷӣ ва дохилӣ устувор бошем.

Ҳар фарди солимфикр бояд дарк кунад: танҳо ваҳдат ва ҳамбастагӣ моро метавонад аз вартаи ифротгароӣ, хурофот ва тафриқа раҳо бахшад. Миллати тоҷик имрӯз бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ободиву тараққиро интихоб намудааст ва бояд бо тамоми нерӯ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ ва муқобилият бо хоинони миллат талош намоем.

Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки ояндаи осуда, зиндагии шоиста ва рушди устувори Тоҷикистон дар дасти худи мост — на дар дасти онҳое, ки аз хориҷ бо чашми ҳасуд ба ин марзу бум менигаранд. Ва танҳо миллате пирӯз мешавад, ки бедор аст, муттаҳид аст ва дар роҳи ҳақиқат устувор мемонад.

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи

раиси ноҳияи Қубодиён Аҳмадов Шоҳрух

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.