БЕШАРАФӢ ТО БА КАЙ......

Аз тариқи васоити ахбор, интернет баъзан мешунавем, ки масъулини ташкилоти террористии экстримистии Ҳизби Наҳзати ислом ва думравони онҳо зимни мусоҳибаҳову нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳҳои сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Ватани азизи мо муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор додани мешаванд, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чамбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард.

Бидуни шаку шубҳа ин ҳизб як ҳизби хонаводагӣ аст, ки дар сатҳи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари мо куллан мавқеъ надорад.

Аслан ин суханпардозиҳову ҳангомасозиҳо чизи нав нестанд, зеро барои мардуми шарифи кишвар ҳамааш ошкор аст, ки ҲНИ-и мамнӯъ чаро ташкил карда шуд, ҷангро чаро роҳандозӣ карданд, ҳадафи наҳзатиёну сарпарастонашон чист. Афсус, ки имрӯзҳо ҳам фирориёни наҳзатӣ дар хоки бегона туҳматзаниҳою ғаразкориҳоро алайҳи Ҳукумати кишвар бо ҳар роҳу васила идома дода истодаанд.     

Ташкилоти  террористию экстримистии Ҳизби Наҳзати ислом  ва гурӯҳҳои дигари ҳаммаслаки он аз қабили он ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Баргузории ҳаргуна ҳамоишу роҳпаймоӣ ва мулоқоту суҳбатҳои онҳо, ки маблағҳои зиёдро талаб менамоянд, ки даст доштани сарпарастони манфиатҷӯи онҳоро ошкор мекунад. Зеро чи тавре, ки мегӯянд, пулро ки хурдӣ, коратро нишон деҳ.

Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо чунин амалҳои ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне ташкили ҳамоишу дигар чорабиниҳои бебунёд чи ҳадафҳои муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Ин муддаиён агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо дар асл алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо?

 

Як зумра, ки одоби сухан гум карданд,

Бо ҳарфи бади худ туву ман гум карданд,

Бадном нашуд Ватан аз он бадгӯён,

Худ гум бишуданд, то Ватан гум карданд.

Магар онҳо фаромӯш карданд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлубашон  боиси шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватанро ба ҷои обод кардан ба харобазор табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Магар тақозои дини мубини ислом ҳамин аст?

Дар ягон давлати дунё ҳеҷ ҳизбу ҳаракати миллию созанда, ба хотири манофеи гурӯҳию сиёсии худ амнияти давлату сарнавишти миллати худро ба оташ намекашад. Танҳо ТТЭҲНИ ва ҳампаймонҳои хиёнатпешаашон, ки иддае фирефтаи мазҳаби шиа шудаанду қисми дигар ба хотири сарват тамоми ҳайсияти худро ба фурӯш мегузоранд. Инҳо ҳамон куҳнаандешони гумроҳанд, ки мехоҳанд ниқоби нав, яъне ниқоби демократия ба бар кунанду шеваи нави ҷалби ҷавононро ба сафҳои нопоки хеш ва гурӯҳҳои ихтилофангезашон дарёфт намоянд.

Агар ба умқи масъала таваҷҷуҳ намоем, маълум аст, ки Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо бо мавқегириҳои машкуки худ имрӯз на ба дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, балки барои муҳайё намудани заминаҳои мусоиду мувофиқ ҷиҳати ворид шудани нерӯҳои терористӣ ва экстримистӣ ба сарзамини Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Миёнаро талош менамояд.

Агар чунин набошад, чаро қатлу куштори бераҳмонаи пайравону аъзоёни ташкилоти терористии ҲНИ ба инобат гирифта намешаванд? Чаро қаллобию хиёнатҳои иқтисодии сиёсӣ ва таҳдиду таҳқирҳои пайвастаи пайравони онҳо, ки бар зидди оромию суботи давлати Тоҷикистон амал мекунанд, аз ҷониби САҲА нодида гирифта мешаванд?

Хеле хандаовар аст, вақте, ки ду ё се нафар лаънатхондаи Ватану миллат, ки то дирӯз аз ҳам ҷудо буда, ҳамдигарро чашми дидан надоштанд, имрӯз боз ба ҳам омада бе шармона аз номи ин миллат суханпардозӣ  менамоянд.

Имрӯз ҳам баъзе хоинони миллат ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳамадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашур ва Салмонак бо кумаки зархаридии хориҷӣ мехоҳанд кишвари осоиштаи моро ноором созанд. Бадномкунӣ, туҳматбофӣ хоси Кабирӣ, Иқболбӣ ва ҳаммаслаконаш аст, ки имону маҳзаби худро фурӯхта, теша ба решаи хеш мезананд.

Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон он ҳама фиребу найранг ва бозиҳои сиёсии ин «ғамхорони миллатро» хуб дар ёд дорад ва фаромӯш нахоҳанд кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ва дилпурона изҳор доштанд, ки «Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд».

Бо боварии комил метавон гуфт, ки фарзандони далеру диловар ва ҷоннисори Ватани маҳбубамон ҳамеша кишвари азизу муқаддаси хешро содиқона ҳифз намуда, ба қадри ободӣ, оромиву осоиштагӣ, ҳаёти хушу хуррам мерасанд. Ман ҳамчун як шаҳрванд ин амалҳои хоинони  миллатро маҳкум намуда, боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳеҷгоҳ фирефтаи чунин дасисаҳо нахоҳанд шуд.

 

Раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён

АБДУЛЛОЗОДА ВАҲОБИДДИН

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.