ҲИФЗИ ВАҲДАТУ СУБОТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ БОНАНГУ НОМУС

Дар ҳар давру замон хиёнат ба Ватан амали нангин ва бахшиданашаванда маҳсуб меёбад. Хиёнаткорон — шахсонеанд, ки барои манфиати шахсӣ, хоҷагони хориҷӣ ё афкору ғаразҳои фитнаангезашон ба муқобили миллату давлат бархоста, оромиву субот ва ваҳдати миллиро зери хатар мегузоранд.

Имрӯз, вақте ки халқи тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафт, таҳкими Истиқлол ва ободии кишвар талош мекунад, бархе аз нохалафон кӯшиш мекунанд, ки бо ҳангомасозӣ, бӯҳтон ва дасисаҳои иттилоотӣ ниятҳои нопоки худро амалӣ созанд. Онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ифротӣ кӯшиш доранд ба рӯҳу тафаккури мардум таъсир расонанд ва шубҳаро ба дили насли ҷавон роҳ диҳанд.

Аммо миллате, ки таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва тафаккури солим дорад, ҳаргиз фирефтаи дурӯғу дасисаи хиёнаткорон намешавад. Халқи тоҷик таҷрибаи талхи нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки бо дасти ҳамин хоинон амалӣ шуд, пушти сар кардааст ва имрӯз беш аз ҳар вақти дигар сулҳу суботро арҷ мегузорад.

Хиёнаткорон бояд бидонанд, ки амалҳои онҳо на фақат дар назди қонун, балки дар назди виҷдони ҷамъият ва таърих маҳкум мебошанд. Миллат ҳаргиз онҳоро намебахшад, зеро хиёнат ба Ватан, ба модар, ба мардуми худ гуноҳи ҷуброннопазир аст.

Ҳар як шаҳрванди воқеан ватандӯст бояд зирак бошад, фирефтаи таблиғоти душманон нашавад ва дар муқобили ҳар гуна кӯшишҳои харобкоронаи хиёнаткорон муқовимати маънавӣ ва ҳуқуқӣ нишон диҳад. Мо бояд дар паҳлуи Роҳбари давлат истода, барои таҳкими сулҳ, ваҳдат ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем.

 

Мудири бахши кор бо

ҷавонон ва варзиши

Қубодиён Имомназаров Шуҳрат

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.