
Ватан барои ҳар як инсон басо муқаддас ва азиз аст ва дар ватан, дар фазои сулҳу оромӣ зистан неъмати бебаҳост. Ҳимояи ватан ва сулҳу суботи он на танҳо вазифаи қувваҳои мусаллаҳ, балки қарзи шаҳрвандӣ ва маънавии ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад. Агар мо хоҳем давлатамон орому пешрафта бошад, бояд дар дил эҳсоси ватандӯстиро парвариш намоем то ки ватанпарвар бошем. Ҳар шахсе, ки ватандор аст, бояд ватани худро обод кунад, зеро барои ӯ ягон шахси бегона ин корро нахоҳад кард. Ватандӯстӣ маънои муҳаббат ба замини худ, таърих, забон ва арзишҳои миллӣ дорад. Ин моро водор месозад, ки барои осоиштагии ҷомеа ва рушди давлат кӯшиш кунем.
Яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ, сулҳ дар ҷомеа ва ваҳдати кишвар ин терроризм ва экстремизм мебошанд, ки на танҳо хатар ба давлату миллати мо, балки ба тамоми ҷаҳон эҷод кардааст. Ин падидаҳои хатарнок на танҳо ҳаёти инсонҳоро зери хатар мегузоранд, балки мехоҳанд давлатро ноустувор кунанд ва сулҳро барҳам зананд. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди онҳо вазифаи умумии давлат ва ҷомеа, ҳамзамон тамоми мардуми ҷаҳон аст. Ҳар як шахс бояд эҳтиёткор бошад, иттилооти дуруст дошта бошад ва ба ҳар гуна даъватҳои шубҳанок бовар накунад, зиракии сиёсӣ ва шахсиро аз даст надиҳад.
Барои пешгирии терроризм ва экстремизм, пеш аз ҳама, маърифатнокии ҷавонон муҳим аст, зеро ояндаи миллат дар дасти ҷавонон буда, онҳо нерӯи пешбаранда ба ҳисоб мераванд. Маърифат, ахлоқ ва муҳити солим имкон медиҳанд, ки ҷавонони ватанпарвар ба воя расанд ва барои пос доштани сулҳу суботи ҷомеа кӯшиш ба сар баранд. Оила, мактаб ва ҷомеа бояд якҷоя амал кунанд, то насли нав ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва дӯстӣ содиқ бошанд ва фирефтаи ҳар гуна ақидаҳои шубҳанок ва ғаразноки таҳдидкунандаи ҷомеаи имрӯза нагарданд.
Ҳимояи Ватан имрӯз на танҳо дар майдони ҷанг, балки дар ҳар як кору фаъолияти мо таҷассум меёбад. Омӯзиши илм, эҳтироми қонун, нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ, саховатмандӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ низ шакли ватандӯстӣ мебошанд. Агар мо якҷоя барои сулҳу субот талош кунем, давлатамон аз ҳама гуна таҳдид эмин хоҳад монд, зеро ватан дорем – ватандорем!
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён Аҳмадов Шоҳрух