ВАБОИ АСРИ МУТАМАДДИН

Терроризм ва экстремизмро метавон вабои аср номид, зеро ҳаракати муғризонаи онро дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз ҷумла дар дин, сиёсат, идеология ва ғайраҳо мушоҳида метавон кард. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон дар ҷомеаи муосир аз байни шаклҳои экстремизм бештар, экстремизми динӣ мушоҳида мешавад ва ин зуҳуроти номатлуб дар тамоми гӯшаю канори сайёраи мо ба мушоҳида мерасад. Ҳадафи ягонаи пайравон ва ташкилкунандагони ин сиёсати муғризонаи ифротӣ ҷалби ҷавонони сусти аз факкури илму маърифат дур монда ва ба ин гурӯҳҳои иртиҷоии хиёнаткору ифротгаро шомил мешаванд. Заҳролуд кардани тафаккури ҷавонон, бадбинӣ, нотавонбиниро ба дили наврасону ҷавонон ҷорӣ намудан нисбатан осон аст. Аз ин рӯ омӯзгорони муассисаҳои таълимиро лозим аст, ки аз синну соли хурди кудакӣ, қиммати Ватан, модар, замини аҷдодӣ ва амсоли ин қисматҳои муқаддасро ба дили кудак афзун, садоқат ба Ватани азизро омӯзонанд, ҳисси худогоҳиро ба дили ҷавонон зиёд намоянд. (дар ин росто 18 унсури тарбия дар ҳар як муассисаи таълимӣ бояд ҷоннок карда шавад.)

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон гувоҳи он аст, ки эксртемистон ва террористон барои расидан ба ҳадафҳои худ бештар ба идеологияи динӣ, ба ҷавонони гумроҳ рӯ меоранд. Ин сиёсати вайронкору ифротӣ дар мамолики ғарб пайдо гашта буд. Аз ҷумла, ташкилотҳои экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ дини мубини исломро ҳамчун яроқи сиёсӣ ва ҳамчун идеологияи сиёсӣ истифода мебаранд, дар ин раванд, расонидани зарари молию ҷонӣ, тарконидани иншоотҳои давлатӣ, рабудани шахсони воломақоми давлатӣ, куштору зӯроварӣ, фурӯши одам ва амсоли ин харбиҳо мебошад, ки онро пешаи худ қарор додаанд.

Ин идеологияи харобакору хатарзо эҳтимолияти терроризм нафақат дар Ислом, балки дар ҳар як дин дида мешавад. Экстремизми динии муосирро дар воқеаҳои имрӯзаи Шарқи наздик-Авғонистону Эрон ва Покистон мушоҳида кардан мумкин аст. Мақсади асосии терроризми дини муосир, ин таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунанд.Фаъолияти онҳо ва ҳамаи ҷаҳони исломро фаро гирифтан ва мақсадашон барпо намудани ҳокимияти терроризми исломӣ аст. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ин зуҳуроти номатлуби хатарзо, оқибатҳои нохуши онро дарк намуда, дар ин самт якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намуд. Дар солҳои начандон дури гузашта маълум шуд, ки ҲНИ дар асл худро ҳомии дину оин хонда мардуми оддии зудбоварро ба доми худ гирифтор карда, ба ин ҳизб аъзо карданд. Дар ҷайби сиёсати имрӯзин, истифода аз виҷдони софи мо гурӯҳи террористиро созмон дода, мамлакати гулгулшукуфии моро бори дигар ба хун оғушта карданӣ буданд. Бо ин васила аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои калонро соҳиб мешуданд. Бинобар ин бори дигар собит гашт, ки барои ватангадою ватанфурӯшон модару Ватан як чаққае арзиш надошт, махсусан террорист ва ифродгар миллату Ватан надорад.

Дар ҳамин росто хизмати хирсона ва террористии ҳизби собиқ наҳзати исломӣ барои фаъол гардонидани мақсадҳои ғаразонаю муғризонаашро дарк намуда, саривақт фаъолияти он аз ҷониби прокуротураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шуд.

Дар зимн, ҲНИ созмонҳои ифротиро маблағгузорӣ карда, тафаккури ҷавононро заҳролуд намуда, аллакай ҷавононро ба шомил шудан ба ин ҳизби ифротӣ омода менамуд. Ҳатто ҷонибдорони худро аз ҳисоби ҷавонон доштанд. Мутаассифона ин ҷавонон шогирдони бевоситаи ин ё он муассисаи таълимӣ буданд. Саркардагони ин ҳизбу равия, ватанфурӯши ватангадо мардуми худ- диёри худро ба маблағҳои калон ба гарав гузошта, ҳатто ба ҷони ҷавонон қасд менамуд. Натиҷаи таблиғотҳои муғризона буд, ки Ҳоҷиҳалим барин аз тафаккур тиҳӣ ба ҳамин раванд, роҳ пеш гирифта буд.

Таҳлили сарчашмаҳою расонаҳо нишон медиҳад, ки беш аз 1200 нафар шаҳрвандони мо дар сафи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла давлати исломӣ қарор доранд. Дар ин росто аз ноҳияи Қубодиён ҷавонони гумроҳшуда низ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо шомил буданду аксарияти онҳо қурбони ақидаҳои ифротӣ гашта, шаҳид ҳам шудаанд. Дар бораи амалигардонии иҷрои амри раиси ноҳияи Қубодиён аз 10.05.2019, №71 дар бораи «Ташкил намудани гурӯҳи кории доимоамалкунанда ва Ситоди якҷоя аз ҳисоби кормандони мутассадии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба иҷроиши талаботҳои чорабинии «Ҳавза» сухан карда иброз намуд, ки дар замони муосир тезу тунд шудани муносибатҳои геополитикӣ дар байни давлатҳои абарқудрат боиси ривоҷ ёфтани ҳаракатҳои гуногуни ифродгаро гардидааст. Чунин ҳизбу ҳаракатҳои, ки тамоили динӣ доранд, бевосита аз тарафи давлатҳои манфиатдор маблағгузорӣ карда мешаванд. Ин маблағгузорӣ ба он оварда мерасонад, ки аз як тараф камбизоатон ба сафи онҳо шомил гарданд, аз тарафи дигар сусту харобиву костагии тафаккури фарҳангӣ онҳоро чун занҷири оҳанин сӯйи хеш мекашанд.

Имрӯзҳо ба хотири таъмини амнияти ҷомеаву давлати Тоҷикистон тибқи қонунгузории кишвар фаъолияти чунин равия ва созмонҳои экстремистии «Ал қоида», «Бародарони мусулмон», «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ҷомеаи таблиғ», «Ҷамоати Ансруллоҳ», «Ҷабҳат-ан-нусра», «Гурӯҳи 24» ва «Ҳизби наҳзати исломӣ» ғайри қонунӣ эълон шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Коршиносон ба он назаранд, ки имрӯз бештари ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба шумор меравад, ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо мегардад.Сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо чун ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ гирифтор гардидани ҷавонон аз омилҳои чун сатҳи пасти дониши маънавӣ, динӣ ва дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар  тарбияи оилавӣ, мактаб, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, надоштани иттилооти дуруст ва ғайра мебошад.

Дар зимн, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари вохӯриву мулоқотҳои худ қайд менамоянд: «Мо набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем ва пайваста бар зидди экстремизм ва терроризм, дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа якҷоя мубориза барем». Таъкид бояд намуд, ки таълиму тарбия дар омода ва ҷаззобу сиёатмадор ба воя расонидани шахси комил бо дарси соатҳои тарбиявӣ дар муассисаи таълимӣ маншаъ хоҳад гирифт, ки ин дар муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи нақшаҳои корӣ роҳандозӣ карда шудааст.

 

 

Мудири шуъбаи

маорифи ноҳияи Қубодиён

Саъдулло Мирзоев

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.