БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ ХАБАРӢ

Имрӯз нишасти хабарии раиси ноҳия бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳудуди вилоят баргузор гардид.

Дар нишаст раиси ноҳия Зафар Файзуллозода оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия иттилоъ дода, доир ба ислоҳ ва иҷрои таклифу эродҳое, ки дар нишасти қаблӣ аз тарафи хабарнигорон пешниҳод шуда буданд, маълумот дод.

Зикр гардид, ки аксари эродҳое, ки хабарнигорон дар нишасти хабарии ҷамъбасти солона гирифта буданд, аз ҷумла таъмини маркази ноҳия бо оби нӯшокӣ, таъсиси боғи фарҳангӣ, таъмири роҳҳои автомобилгард, пардохти музди меҳнат, таъмини омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ ҳалли худро ёфта, ба мақолаву гузоришҳои танқидӣ вокуниш нишон дода шуд.

Дар фарҷоми нишасти хабарӣ, рӯзноманигорон аз баргузории он изҳори қаноат намуда, зикр намуданд, ки ба суолҳои худ посухи қаноаткунанда дарёфт намуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.