
Муовини якуми раиси ноҳия Исҳоқ Гулҳусайнов, ки 5 охир дар ин мансаб фаъолият дошт, бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ ба нафақа баромад.
Мароосими ба нафақа гусел намудани муовини якуми раиси ноҳия дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия бо тантана сурат гирифта, раиси ноҳия Файзуллозода Зафар номбурдаро барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва тарбияи кадрҳои болаёқат дар тӯли фаъолияти нимасра изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки ба нафақа баромадани шахсони ботаҷриба ба фаъоляти минбаъдаи онҳо нуқта намегузорад ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста аз таҷрибаи онҳо баҳра бурда, барои ҷалби онҳо ба мансабҳои муайян ҷиҳати истифодаи самараноки таҷрибаи ғании онҳо талош менамояд.
Гулҳусайнов Исҳоқ, ки фаъоляти кории худро аз соли 1968 оғоз кардааст, бештар ҳамчун нафари ҳалим оромтабиат ва меҳрубон дар байни сокинони ноҳия маъруфият дошта, шогирдон ва ҳамкоронаш пайваста аз фаъолияти муштарак бо номбурда изҳори хушнудӣ менамоянд.
Гулҳусайнов Исҳоқ қабалан барои фаъоляти пурсамар ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию ҷамъиятӣ бо ифтихорномаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардида буд ва дар расми гусел ба нафақа низ бо сипоснома қадрдонӣ гардид.