
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №1140 бо ташаббуси Кумита дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” дар маркази ноҳия баргузор гардид.
Масъули баргузории ин чорабинӣ бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия буда, иштироккунандагони он ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия буданд.
Тибқи шартҳои озмун иштироккунандагон тавассути баргузории озмун шаҳрвандонро барои эҳё намудани таомҳои миллӣ дар маҳалҳо ҳавасманд намуда, бо истифода аз сарфакории моҳирона намоиши сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо дар ин озмун намоиш дода шавад.
Дар озмуни мазкур ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия фаъолона иштирок доштанд.
Комиссия озмун баъд аз машварат шаҳраки Қудобиёнро дар ин озмун ғолиб донист. Дастархони Ҷамоати шаҳраки Қубодиён тибқи талаботи озмун ороста шуда, дар он тамоҳои миллӣ, анвои гуногуни меваҷот ба таври сарфакорона ва ҳамзамон бо талаботи тӯю маъракаҳо ороста шуда буд.
Дар мавриди муайян намудани ғолиби ҷойи дуюми озмун комиссия ба хулоса омад, ки ҷамоатҳои деҳоти Заркамар ба ва номи Носири Хусрав, ки дар ороиши дастархон аз ҳам камӣ надоштанд, ҳарду ҷамоатро дар мақоми дуввуми озмун қарор диҳад.
Ба ҳамин тартиб Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров дар ин чорабинӣ ҷойи сеюмро соҳиб гашт.
Ба ғолибони озмун дар ҳолати тантанавӣ дипломи озмун ва мукофотпулӣ супорида шуд.
Гуфта мешавад, ғолиби даври якуми озмун соҳиби роҳхат ба даври дуюм мешавад, ки он дар маркази вилоят баргузор мегардад. Давраи ниҳои озмун дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад.