БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОН ВА РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия маҷлиси Шӯрои кор бо ҷанон ва ҳамзамон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.

20190128_103151.jpgОид ба вазъи фаъолият ва шароити ҷавонон дар ноҳия котиби Шӯро, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Назаров Ҷӯрабек шунида шуд. Номбурда дар баромади худ изҳор дошт, ки ҷавонони ноҳия дар давоми соли 2018 дар тамоми соҳаҳои хоҷагии залқи ноҳия саҳмгузор буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри беҳтар намудани шароити мусоиди фаъолият, таҳсил ва зисти ҷавонон тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуд.

Оид ба вазъи соҳаи варзиш директори муассисаи давлатии макбати бачагонаи варзиши ноҳия Кулулов Мирзосафар баромад намуда, изҳор дошт, ки соли гузашта варзишгарони ноҳия дар аксар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва дар ду мусобиқаи байналмилалӣ ширкат намуда, бо дастовардҳои назаррас ба хона баргаштанд.

20190128_112120.jpgНомбурда изшҳор дошт, ки баргузории машқҳои саҳаргоҳӣ, ки ба солматии инсон муфид мебошад, дар ташкилоту муассисаҳо кам ба назар мерасанд. Дар ин робита супориш дода шуд, ки оид ба ин масъала масъулон чораандешӣ намоянд.

Сипас раиси ноҳия оид ба вазъи ҷанон ва варзиш дар ноҳия сухан намуда, баҳри беҳтар намудани вазъи соҳаҳои мазкур ба масъулин супоришҳои дахлдор дода шуд.

Дар идомаи баргузории маҷлис нисбат ба тасдиқи нақшаи кории шӯроҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.