ҶАВОНОН ДАР МАҲАЛ ФАЪОЛ МЕШАВАНД

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, кор бо занон ва оила, Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо сокинони деҳаи Чимғилиши Ҷамоати деҳоти Заркамар ва Бошқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров вохӯрӣ доир карда шуд.

0-02-04-8d65b4b725a9f1a343216a396343f3e71888813a4a9b6a374c9e15d3c3e52279_cfb214e1.jpgДар ин вохӯрӣ бобати нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон ва занон пешгирӣ намудани афзоиши сироятшавӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузории ҷавонон дар корҳои ободонию созандагӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.