
Ба муносибати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия барои бунёди “Боғи ҷавонон” маъракаи ниҳолшинониро бо иштироки васеъи ҷавонони ноҳия таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад...!” баргузор намуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда дар масоҳати зиёда аз 1 гектар замин 406 бех ниҳолҳои мевадиҳанда дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав шинонида шуд.
Ҷавонони ноҳия нигоҳу бин ва назорати боғи мазкурро ба уҳда гирифта, мақсади бунёди боғи серҳосил ва намунавиро доранд. Боғи мазкур дар ҳудуди як 1 гектар, ки дар шафати шоҳроҳ бунёд мегардад, дар баробари додани меваи тару тоза, инчунин симои ноҳияро зеботар месозад.
Аз ин иқдоми ҷавонон дигар ташкилоту муассисаҳо илҳом гирифта, қарор дар идомаи боғи мазкур боғҳои нави дарахтони мевадиҳанда бунёд карда шавад.