
Санаи 12 ва 13 - уми соли ҷорӣ дар доираи Нақша-чорабиниҳои муштараки шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Комиссарияти ҳарбӣ беш аз 900 нафар ҷавонони то синни давъат ҷиҳати шиносоӣ аз рафти хизмати ҳарбӣ аз қисми ҳарбии 02214, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритуз дидан намуданд.
Чорабинии мазкур, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар вуҷуди ҷавонон ва ба муносибати 27 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, дар зеҳни ҷавонон таассуроти амиқи мусбӣ гузошт.
Зимни боздид ҷавонон шоҳиди он гаштанд, ки сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии мазкур дар шароити пурраи корӣ ва маишӣ хизмати модар – Ватанро адо намуда, бо сари баланд ба назди падару модар бармегарданд.
Гуфта мешавад, қисми ҳарбии мазкур бо тамоми ҷиҳози корӣ ва лавозимоти маишӣ таъмин буда, сарбозон ва афсарон дар ин қисми ҳарбӣ бо ҳамагуна шароити зарурӣ таъмин мебошанд.
Дар поёни вохӯрӣ бахши фарҳанги ноҳия барои хизматчиёни қисми ҳарбии 02214 барномаи ҷолиби консертӣ доир намуд.