
Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави варзиш дар риштаҳои гуногун ва барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия чорабиниҳои гуногуни варзиширо ташкил ва баргузор карда истодаат.
Дар асоси Фармоиш ва Низомномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия санаи 15 феврали солӣ 2019 дар майдончаи варзишии Ҷамоати шаҳраки Қубодиён кушодашавии марҳилаи якуми мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини юнонӣ-румӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 120 нафар варзишгар аз рӯйи 12 категорияҳои вазн – аз 20 то 66 кг бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Инчунин дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 300 нафар тамошобинон иштирок доштанд.
Ҳамзамон дар толори нави варзишии деҳаи Қиёт, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Хусрав кушодашавии марҳилаи якуми мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ низ доир ва баргузор карда шуд.
Дар ин мусобиқа низ аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 100 нафар варзишгар аз рӯйи 10 категорияҳои вазн – аз 20 то 75 кг бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо медал, диплом ва тӯфаҳои хотиравӣ сарфароз гардида, имконияти иштирок дар марҳилаи дуюми мусобиқа – даври вилоятиро ба даст оварданд.