
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон – 10 август дар ноҳия бо ташаббуси бахшикор бо ҷавонон ва варзиш як қатор чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.
Аз ҷумла дар толори варзишии мактаби варзишии ноҳия дар деҳаи Қиёт мусобиқаи варзишӣ аз намуди Гуштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он 80 нафар варзишгар аз рӯйи 8 категорияи вазн - аз 20 то 66 кг бо ҳам қувваозмоӣ намудаанд.
Ғолибони мусобиқа аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо медал ва диплом сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин бахшида ба ин сана дар толори варзишии Ҷамоати шаҳраки Қубодиён мусобиқаи варзишӣ аз намуди Таэквондо (ИТФ) баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 10 нафар варзишгар аз рӯйи 10 категорияҳои вазн - аз 20 то 68 кг бо ҳам қувваозмоӣ намудаанд.
Ғолибони мусобиқаи мазкур низ бо медал ва диплом сарфароз гардонида шуданд.