
Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз Ваҳдату Истиқлолият дар арафаи иду ҷашнҳо бо тантанаҳои идона сайругашти оммавӣ ташкил намуда, аз фазои сулҳу субот нафаси озодӣ мекашанд.
Бахшида ба иди соли нави мелодӣ Ҷамоати шаҳраки Қубодиён дар маркази ноҳия чорабинии идона баргузор намуда, хурсандии хурду бузурги сокинони ҷамоат ҳадду канор надошт. Сокинон дар атрофи арчаи солинавӣ – рамзи соли нави мелодӣ ҷамъ омада, бо фарорасии соли нав якдигарро шодбош гуфта, аз барномаи ҷолиби консертии чорабинӣ баҳраманд мешуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри болидахотирии сокинон ҷадвали баргузории чорабиниҳои идона аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шуъбаву бахшҳои дахдорро таҳия намуда, тибқи он ҳамарӯза то фарорасии соли нави мелодӣ дар маркази ноҳия чорабиниҳои ҷолиби идона пешкаши сокинон мегардад.