
Бо мақсади баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати омодагӣ ба багузории интихобот ба ноҳия гурӯҳи корӣ дар ҳайати Қурбонзода Қурбон – коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Давлат – корманди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сангализода Қумринисо – муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии виляти Хатлон ташриф овардаанд.
Гурӯҳи корӣ бобати фаъолияти комиссияҳо дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ маълумот пешниҳод намуда, ҷузъиёти рафти интихоботро шарҳ доданд.
Ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии №31, воқеъ дар қасри фарҳанги ноҳия дидан намуда, ба омодагии он баҳои баланд доданд.
Гуфта мешавад дар ноҳия 110 участкаи интихоботӣ ҷиҳати интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ, 59 участка барои вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва 40 ҳавза барои интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои 104 483 нафар ташкил карда шудааст, ки интихобкунандагонро аз навоҳии Шаҳритуз ва Носири Хусрав дар бар мегирад.