
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба боздид ва мулоқоти раиси ноҳия бо сокинон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Садриддинзода Бадриддин аз ташкилоту муассисаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Қубодиён дидан намуда, дар толори мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо фаъолони ҷамоат вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова оид ба мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баромад намуда, изҳор дошт, ки иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида заминаи устувори рушди маҳал мебошад.
Дар мулоқот ба масъулини ҷамоат ҷиҳати тибқи талабот ба роҳ мондани тартиби коргузорӣ ва кор бо шаҳрвандон супориш дода шуда, анҷом додани корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аз авлавиятҳои фаъолияти ҷамоатҳо арзёбӣ гардид.
Ҳачунин дар ин вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии паҳншавии ақидаҳои бегона, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона аз ҷониби роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ карда шуда, таъкид карда шуд, ки дар ин самт ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор муҳим мебошад.
Гуфта мешавад, ҷиҳати шиносоӣ бо кору фаъолияти сокинон ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия боздид ва вохӯриҳои раиси ноҳия дар маҳал идома дорад.