Дар толори қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии идона баргузор гардид.
(Мусоҳибаи мухбири мо бо собиқ раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ Талбак Рустамов, ки аз хориҷи кишвар ба Ватан баргашт)
Акои Талбак, бозгашти Шуморо табрик мегӯям. Ба фикрам пеш аз ҳама зану фарзандон аз бозгашти Шумо хурсанданд…
Дар варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба 25 солагии таъсисёбии “Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни 11 муассисаҳои таълимии ноҳия чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ “Ватанпарвар” гузаронида шуда, дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Назаров Ҷ., комиссари Комиссарияти ҳарбӣ Сайдалиев Ш., мушовири шуъбаи маориф оид ба омодагии дифои ҳарбӣ Ҳасанов Р., омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимӣ ва зиёда 200 нафар ҷавонони фаъоли ноҳияи Қубодиён иштирок намуданд.
Рӯзи 21 феврал бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён Фазуллозода Зафар Хайрулло ва муовини сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Томохиро Накагакӣ маросими бакордарории шабакаи таъмини оби нӯшокии ноҳия доир гардид.
Бо буридани лентаи рамзӣ ва тоб додани ҷумаки об шабакаи обтаъминкунии ноҳия, ки тайи солҳои ахир аз фаъолият боз монда буд, дубора ба кор даромад.
Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Рӯзи гузашта расонаҳои наҳзатӣ эълон намуданд, ки гӯё «гурӯҳе аз шахсиятҳои сиёсии тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд», созмонеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис намудаанд. Ин номи баланд ва ин даъвои бузург боис шуд, то таваҷҷуҳ намоем, ки ин «озодандешон» кистанд ва ин иқдом то куҷо ҷиддист? Аммо, афсӯс, ки таҳқиқи масъала чизе бисёр ҳақиртар аз ин ному аз ин даъворо нишон дод.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.