Пас аз ба даст овардани Истилоли давлати роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаи ташаккули худшиносии милли таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бад ин васила бо андешидани тадбирҳои муҳим мардуми мамлакатро ба ҳифзи арзишҳои милли, таҳкими пояҳои давлатдори ва таъмини амнияти давлат ҳидоят намуд. Аз рўзҳои аввали соҳибистилоли Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон барои ташаккули худогоҳи ва худшиносии милли тадбирҳои зиёд андешиданд, ки ин омил боиси эҳёи дубораи арзишҳои милли, ҳифз ва муаррифии дубораи онҳо дар арсаи байналхали гардид.
Оила дар пешгирии зуҳуроти хуруфотпарасти нақши калиди дорад, зеро он нахустин мактабест, ки хишти аввали тарбия маҳз дар он ҷо гузошта мешавад ва агар ин хишт ибтидо каҷ гузошта шавад, то ба охир девори он каҷ хоҳад шуд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, волидон бояд, ки нисбат ба раванди тарбияи фарзандон бетафовут набуда, бо онҳо кор баранд, то ки онҳо сараро аз носара фарқ карда тавонанд. Воқеан, хурофот чист ва чаро бояд аз он канораҷўи кард?
Дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаври истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, дар шабакаҳои иҷтимои татбиқи сиёсати дугонаро низ мушоҳида намудан мумкин аст. Барои мисол, як қатор давлатҳо шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Facebook, Twitter, Instagram ва чанде дигаронро уҳдадор кардаанд, ки ҳама гуна иттилооти хусусияти террористию экстремистидоштаро дар муддати кутоҳ аз саҳифаҳои худ тоза намоянд.
Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд.
Дар ҳар кишваре ки тассубу хурофот, нодонӣ, ҷаҳл ва бовармандӣ ба шаклҳои мухталифи истибдод зуҳур мекунанд, дар он сарзамин ҳеҷ ҳаққи озодӣ лабханд нахоҳад зад. Ин ба он маънист, ки озодиро танҳо инсонҳои соҳибдонишу вораста, ки бо кушишу талош ва ҷӯёӣ аз роҳи хираду андеша тавонистаанд худу ҷаҳонро шиносанд дарк карда метавонанд. Миллате, ки барои ӯ вақт ва умр арзише надорад, ӯ наметавонад моҳияти вуҷуди худро дар олами ҳастӣ ташхис бидиҳад.
ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ
1. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия-1 ҷой.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.