Санаи 8 декабри соли равон, тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо иштироки зиёда аз 35 нафар волонтёрони назди бахш ва кормандони бахши ҳифзи муҳити зист аксияи тозигии соҳил ташкил ва баргузор карда шуда, шоҳроҳи аз маркази ноҳия то гардиши комиссарияти ҳарбии ноҳия аз партовҳо тоза карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давоми 27 соли истиқлолият чӣ аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Хурду бузурги диёрамон бо руҳбаландӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи мамлакат ва эътимод бо фардои ободу осудаи кишвар карда, барои гул-гулшукуфоии мамлакат меҳнат карда истодаанд.
Бо ташаббуси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия курсҳои бозомӯзи барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони масъули ҲХДТ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» доир гардид.
Дар хати сарҳадии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, воқеъ дар минтақаи Уштурмуллои Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия биноҳои нави дидбонгоҳи сарҳадии “Фазо” мавриди баҳрабардории Қушунҳои сарҳадии кишвар қарор дода шуд.
Бахшида ба Рӯз парчами давлатӣ дар маркази ноҳия як қатор чорабиниҳо баргузор гардид.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.