Бахшида ба 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳар давру замон хиёнат ба Ватан амали нангин ва бахшиданашаванда маҳсуб меёбад. Хиёнаткорон — шахсонеанд, ки барои манфиати шахсӣ, хоҷагони хориҷӣ ё афкору ғаразҳои фитнаангезашон ба муқобили миллату давлат бархоста, оромиву субот ва ваҳдати миллиро зери хатар мегузоранд.
Аз тариқи васоити ахбор, интернет баъзан мешунавем, ки масъулини ташкилоти террористии экстримистии Ҳизби Наҳзати ислом ва думравони онҳо зимни мусоҳибаҳову нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳҳои сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Ватани азизи мо муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор додани мешаванд, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чамбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард.
Ба ҳамагон возеҳ аст, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд ва фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти фазояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамоянд.
Бо истифода аз боду ҳавои муносиб аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, коллеҷи омӯзгорӣ ва дигар ташкилоту идораҳо ҳашарҳои умумии тозагӣ гузаронида шуда, дар рафти корҳои тозагӣ гузаронида шуда, ҷӯйбору обгузарҳо тоза карад шуда, дарахтон ба тартиб дароварда шуда, аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои холии шафати шоҳроҳ иловатан дарахтони сояафкан ва ороиши шинонида шуд.
Дар ҷаҳони пурташаннуҷи имрӯз, ки гурӯҳҳои ифротӣ мехоҳанд бо ҳар роҳ оромию суботи кишварҳоро халалдор созанд, бедориву ҳушёрии сиёсӣ ва иттиҳоди миллӣ муҳимтарин воситаи муҳофизати миллат маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир мавриди ҳадафи ҳамлаҳои иттилоотии шахсону гурӯҳҳое қарор гирифтааст, ки бо дастури хоҷагони хориҷӣ фаъолияти таблиғотии зиддидавлатӣ мебаранд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.